Усмон Қаландаров: “Муносибат бо Узбакистон гармтар шудааст”
Усмон Қаландаров, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Узбакистон мисли гузашта мусофирони қаторҳои кишварро ҳангоми убури марзашон бисёр азият намекунанд. Ба қавли ӯ, ҳоло вазъ ба таври мусбат тағйир ёфта, барои аз ин ҳам беҳтар шудани кор онҳо бо ҷониби Узбакистон гуфтушунид доранд.
“Раҳбари ҳозираи Роҳи оҳан бо онҳо дар тамос аст. Рӯзҳои наздик роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон бо масъулони Роҳи оҳани Узбакистон вомехӯранд. Ин мулоқот натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар моҳҳои июн ва июл боркашонӣ зиёд шудааст. Умед дорем, муносибатҳо боз хубтар шуда, мушкилоти дигар низ ҳалли худро меёбанд”,-гуфт ӯ дар нишасти матбуотии 22 июл дар Душанбе.
Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, пештар муносибатҳо бо Узбакистон сард буда, мақомоти ҳамсоя барояшон мушкил эҷод мекард. “Ҳоло муносибат рӯ ба гармист. Вагонҳои мо дар онҷо дигар боздошта намешаванд. Хадамоти гумруки Узбакистн борҳоро аз вагонҳо намефарорад. Ҳоло бо як сӯҳбати телефонӣ бо ҷониби Узбакистон ҳамаи мушкилро ҳал мекунем”,-афзуд ӯ.
Ба нақли муовини раиси ширкати Роҳи оҳан, дар шаш моҳи соли ҷорӣ берун овардани мусофирони қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба баҳонаи доштани адабиёти динӣ тақрибан ба назар намерасад. “Аз сабаби он ки ба мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад”,-гуфт ӯ.
Вай афзуд, дар вохӯрии қарибулвуқӯи корманди Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбакашон хоҳанд хост, то ба кормандони сохторҳои қудратӣ фаҳмонанд, ки сахтгириҳоро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон кам кунанд.