Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишасти сарони чоргона дар «Кохи Сомон»-и Душанбе гуфт, ин нишаст на танҳо ба манфиати 4 кишвар, балки ба манфиати минтақа ва тамомои ҷаҳон иртибот дорад.
Тавре хабарнигори «Озодагон» аз бӯстонсарои ҳукуматӣ, маҳалли баргузории мулоқоти роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Русияву Покистон иттилоъ дод, зимнан дар ин ҳамойиш президенти Тоҷикистон афзуд, мо на фақат масоили иқтисодӣ, балки баррасии масъалаҳои фарҳангию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва геополитикиро низ дар нақша дорем.Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтоёнаш даъват ба амал овард, ки бигузор дар ин саммит як нафар аз миёни чор президент роҳбари мулоқот интихоб шавад.Бино ба иттиллои расида, Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси сарвари саммити феълӣ пазируфта шудааст.{jathumbnail off}