ВИДЕО: Вакили севуми Зайд Саидов... паноҳгоҳ мехоҳад?
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов – соҳибкори маъруф ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав мегӯяд, дар сурати эҳсоси фишори зиёд аз кишварҳои хориҷӣ паноҳгоҳ хоҳад хост.
Оқои Табаров рӯзи 22 июл дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” бо таваҷҷуҳ ба боздошти ҳамкоронаш Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ гуфт, “шояд ман ҳам аз ин кор эмин намонам”.
Ин вакили мудофеъ парвандаҳои Фахридидн Зокиров ва Шӯҳрат Қудратовро давоми мантиқии парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов донист. “Бевосита ба ҳамин парвандаҳо иртиботи зич дорад. Ман, фикр мекунам, Шуҳарт Қудратов ва Фахридин Зокиров таҳти назорати мақомот қарор доштанд ва ахиран нисбат ба онҳо парванда боз шуд ва дар ҳоли тафтиш аст. Ман ҳам шояд аз ин кор эмин намонам. Дар сурати эҳсос кардани ингуна фишорҳо ба давлатҳои хориҷӣ дар бобати гирифтани паноҳгоҳ муроҷиат мекунам”,-таъкид дошт ӯ.
Исҳоқ Табаров илова кард, ҳамроҳ бо Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров давоми бештар аз як сол дар парвандаи Зайд Саидов кор мекарданд. “Се нафар будем. Имрӯз танҳо мондам. Чи хеле мебинед, танҳоям”,-гуфт вакили мудофеъ.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 21 июл дар маҳалли кораш аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуд. Дар оғоз гуфта шуд, ки Қудратов гӯиё барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои шаҳри Душанбе дастгир шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.
Аммо худи ӯ, баъд аз тафтиши маҳалли кораш дар рӯбарӯи хабарнигорон изҳороти кӯтоҳе дод ва гуфт, “ҳамааш нағз мешавад. Аз касе пора нагирифтаам”. Ин ҳарфҳои Шуҳрат Қудратов суолеро ба миён овард, ки ӯ барои гирифтани пора муттаҳам мешавад ва ё пешниҳоди пора ба додрас. Исҳоқ Табаров мегӯяд, ҳамкори ӯро барои пешниҳоди пора муттаҳам мекунанд, вале ӯ наметавонад дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунад. Ӯ танҳо гуфт, Қудратов ин иттиҳомро сохта дониста, гуфтааст, ба касе пора пешниҳод накардааст.
Аз ин пештар, моҳи марти соли ҷорӣ, Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.