Номаи Оқохони чор ба раиси Бадахшон
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони чор -- пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо ирсоли номае ба Шодихон Ҷамшед -- раиси вилояти Бадахшон барои таҷлил аз солгарди имоматии ӯ сипосгузорӣ кардааст.
“Қадрдонии хешро ба Шумо ва кулли мардуми Кӯҳистони Бадахшон барои ибрози орзуҳои саховатмандонаатон дар ин рӯзи бароям гуворо ва хурсандибахш иброз медорам”,-афзудааст ӯ.
Оқохони чор дар идомаи номааш навиштааст, “имомати исмоилия ва сохторҳои ташкилоти Оқохон оид ба рушд дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳри некӯаҳволии мардуми минтақаи Кӯҳистони Бадахшон ва кулли Тоҷикистон комилан ҳавасманди ҳамкорӣ мебошад. Мо аз ҳамкориҳои пайвастаи Шумо миннатпазир буда, умедворем, ки баҳри сулҳу осоиш ва пешрафту шукуфоии тамоми минтиқа кори худро дар ҳамбастагӣ идома хоҳем дод”.
Рӯзи 11 июли соли ҷорӣ пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон беш аз 200 ҳазор дониста мешавад, аз 57-умин солгарди ба тахти имомат нишастани имоми 49-уминашон - Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV-ро таҷлил карданд. Исмоилиёни Тоҷикистон, ки аксарашон дар Бадахшон иқомат доранд, ин санаро чун тамоми исмоилиёни ҷаҳон ба таври густардаву барномаҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ҷашн мегиранд.
Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард мебошад. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) мебошад, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.