Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)
Мурофиаи додгоҳии Саодатшо Адолатов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Бадахшон, дар ноҳияи Ванҷ идома дорад ва гуруҳи зиёди сокинон дар назди дари додгоҳ ҷамъ омадаанд. Адолатов тақрибан чаҳор моҳи пеш ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон боздошт шуда буд.
Пайвандони Адолатов рӯзи 22 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, мурофиаи додгоҳии раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон 21 июл оғоз шудааст. Ба қавли онҳо, қарор аст, зуҳри имрӯз (22 июл) додгоҳ ҳукми худ алайҳи Саодатшо Адолатовро эълон кунад.
Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.
Муаллиф ва 810 нафаре, ки гӯиё зери ин матлаб имзо гузоштаанд, Адолатовро барои бунёдӣ кардани ақидаҳои асримиёнагӣ ва ҳамнишиниаш бо Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд. "Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Узбакистон ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст",-навишта шудааст дар матлаб.
Адолатов моҳи августи соли гузашта раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуда, дар ин мақом Муслима Броимшоеваро иваз карда буд. То нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ин мақомро марҳум Сабзалӣ Ризоев бар ӯҳда дошт.