Таъини генерал Навҷувонов ба мақоми сардори Раёсати дохилаи Бадахшон
Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, муваққатӣ сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъин гардидааст.
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният, фармони таъин шудани генерал-майор Навҷувонов ба ин мақомро дар ҷаласаи кории 21 июл дар толори Раёсати умури дохилии Бадахшон эълон кардааст. Хайруллоев гуфтааст, Абдулло Навҷавонов ҳамзамон дар мақоми муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният афзудааст, ҳайати шахсии Раёсати умури дохилии Бадахшон бо фаъолияти Абдулло Навҷавонов хуб шиносанд, зеро солҳои тӯлонӣ бо аксари онҳо кор кардааст. Шералӣ Хайруллоев аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон даъват намудааст, “алоқаи худро бо сокинони вилоят боз ҳам мустаҳкам намуда, ҳарчи бештар қонунҳои мавҷудаи мамлакатро ба онҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд”.
Абдулло Навҷувонови 49-сола аз соли 1991 ба ин сӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад. Ӯ қаблан дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ба ҳайси сардор ва Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ фаъолият доштааст.
Файзулло Нозимов, сардори собиқи Раёсати умури дохилии Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ барканор гардид. Аз мақом дур шудани ӯ дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу Бадахшон яке аз талабҳои эътирозгарон буд.ҲОДИСАИ МОҲИ МАЙИ ХОРУҒ ДАР ЯК САҲИФА