Мавзӯи Ҳукумов ва камбудҳояш дар нишасти роҳбарияти Роҳи оҳан
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, тамоми камбудҳое, ки дар даврони раҳбарии Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) сабт шуда буданд, дар вақташ бартараф гардидаанд. Усмон Қаландаров, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳан, ки дар нишасти хабарии 22 июл суҳбат мекард, гуфт, санҷиши фаъолияти корхонаи онҳо то моҳи ноябри соли 2013 идома карда буд, ки он замон раҳбарияшро худи Ҳукумов бар уҳда дошт.
“Он вақт камбудҳои зиёд ё ҷиддӣ набуданд. Дар корхона камбудҳои хурду бузурге, ки буданд, барҳам дода шуданд. Кадом корхонае аст, ки камбуд надошта бошад? Корхонаи мо низ камбуд дорад. Дар вақти Ҳукумов ҳам дошт, ҳоло ҳам дорад. Мо кӯшиш мекунем, ин камбудҳоро бартараф намоем”,-афзуд ӯ.
Ҷаноби Қаландаров дар посух ба суоли он ки сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар чӣ вазъ қарор дорад ва оё дуруст аст, ки Амонулло Ҳукуматуллло техникаҳои муҳим барои бунёди ин роҳро бурдааст, гуфт: “Ин нодуруст аст. Пудратчии асосӣ “Роҳсоз” буд, мондааст. Сохтмон мувофиқи нақша сохта мешавад. Техникаҳое ки дар он ҷо ҳаст, ба фикрам, ҳеч кас бурда наметавонад. Нисбат ба ин ки гӯиё Ҳукумов санҷиш мешавад, дар ахбори Вазорати корҳои дохилӣ баромада буд, нодуруст аст. Ин “утка” аст. Мо аз ин гапҳо хабар надорем”.
Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол зимоми ин корхонаро дар даст дошт ва моҳи феврали соли ҷорӣ ба нафақа “гусел” карда шуд. Дар оғоз ба ҷои ӯ Асадулло Зоиров, роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан, таъин шуда, аммо баъд аз мулддати кӯтоҳ ба таври ноаён аз мақомаш барканор ва ба курсии ӯ Комил Мирзоалиев нишаст.
Номи Ҳукуматулло дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор дошт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.
Номи Расули Амонулло дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти ахири хабарияш аз бозтоби қазияҳои марбут ба писаронаш дар расонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, баъд аз анҷоми тафтиш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад. Ӯ ҳатто ба хабарнигори "ИмрӯзNews", ки бо Рустам Ҳукумов вориди як баҳси додгоҳӣ шуда буд, таъкид кард, ки эҳтиёт бошанд, чун ӯ медонад дар пасашон кӣ меистад.