Хабаргирии Шерхон Салимзода аз маҷруҳони Исфара ва сафари Шералӣ Мирзо
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо, вазири дифои кишвар, охири ҳафтаи гузашта аз ноҳияи Исфара, ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон боздид кардаанд.
Тавре аз ҳукумати Исфара ба “Озодагон” хабар доданд, Салимзода ҳангоми сафараш ба ин минтақа ба аёдати маҷруҳони тирпаронии 10 июл рафта, бо мақомоти қудратии ноҳия низ мулоқот кардааст. Ба иттилои манбаъ, додситони кулли кишвар ҳангоми боздид ба сокинони маҷруҳшудаи Исфара дар пайи оташкушоии марзбонони қирғиз ваъда додааст, ин қазия бар асоси қонунҳои ҷории байналмилалӣ таҳқиқ хоҳад шуд.
Рӯзи 10 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 11-30 дар қаламрави “Ворух”, дар марзи Исфараву Бодканд, як гуруҳ аз сокинони Тоҷикистон ҳадафи тири ҳарбиёни қирғиз қарор гирифтанд. Ба қавли сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи ин сокинони одии Тоҷикистон дар ҳоле тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд.
Дар пайи ин тирпаронӣ Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 9 тани дигар, аз ҷумла Ҳазрат Қозиев, Бахтовар Ҷурабекзода бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди зуҳри 10 июл бо ирсоли нотаи расмӣ ба унвонии мақомоти қирғиз аз рухдоди ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашудааст.”
Вале Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ёддошт ё худ нотаи расмии Душанберо дар робита ба ин тирпаронии маргбори марзбонони кишвараш шитобзадагӣ хонд.