Пойгоҳи 201-уми Русия то соли 2061 дар Тоҷикистон боқӣ мемонад
Пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе мустақар аст, барои 49-соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар ин бора, имрӯз 2-юми сентябр зимни мулоқоти Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ ҳосил гардид.Бино ба иттилои расида, сарони Тоҷикистону Русия мувофиқат кардаанд, то буду боши ҳарбиёни рус дар Тоҷикистон то соли 2061 тамдид шавад ва созишнома дар ин замина муддати се моҳи дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, пасон ба имзо хоҳад расид.Аммо то ҳанӯз рӯшан нашудааст, ки барои ҳузури низомиёнаш дар Тоҷикистон Кремл маблағ пардохт хоҳад кард, ё хайр. Тибқи гузоришҳо, давлати Тоҷикистон хоста буд, то Русия барои ин пойгоҳ, ҳар сол бештар аз 200 то 300 миллион доллар бипардозад.