Қарзовӣ аз мусулмонон хост, ба ҳимояти мардуми Ғазза бархезанд
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон, аз тамоми пайравони дини мубини Ислом даъват кардааст, худро дар робита ба ҳаводиси охири навори Ғазза бетараф нагиранду ба ёрии ин мардуми мазлуми мусулмон бархезанд.
Ӯ дар саҳифаи шахсияш дар Твиттер навиштааст, “аз тамоми мардуми мусулмони дунё даъват мекунам, ба хотири дастгирӣ ва пирӯзии мардуми сокинони Ғазза бархезанд. Албатта, ҳар кас ба қадри имконаш, кумаки молӣ мекунад ё дуо, бахусус дар ин даҳаи ахири моҳи Рамазон, ки замони иҷобати дуост.”
Раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон дар идома таъкид кардааст, барои тамоми пайравони дини мубини Ислом ҳаром аст, вақте мебинанд, чи тавр мардуми мазлуми Фаластин зери бомбаборон қарор доранду онҳо худро бетараф мегиранд.
Ин даъвати Қарзовӣ барои дуо дар ҳаққи сокинони Ғазза дар ҳолест, ки шумораи қурбониёни он дар пайи ҳамлаҳои низомии Исроил ба беш аз 500 нафар расида, 3 ҳазору 150 тани дигар захмӣ шудаанд.