АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона
Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш -- Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст.
Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард. Ӯ тақрибан 9 соат қабл дар ин саҳифааш навишт, “Муборак барои ҳамаи мо. Ҳаҷ кардем, ҳоҷибибӣ шудем”.
Акси якҷояи Шабнаму духтараш ва Бибирӯзигулу Фарзона то ҳоло шумораи зиёди “лайк”-ҳоро гирифта ва зери он шарҳҳои зиёде ҳам навишта шудааст. Аксари шарҳнависон Шабнамро табрик намуда ва қабули Ҳаҷҷи ӯро талаб кардаанд.
Шабнами Сурайё духтари Сурайё Қосимова буда, дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд.
Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла бо русарӣ иҷро кардани таронаҳои шух ва пешниҳоди як клип бо иштироки рақосаҳои нимаурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.