Оҷонсӣ, коррупсия дар вазорат ва "доляситонӣ"-и сардухтур аз табиб
Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз афзоиши фасодкорӣ дар соҳаи тандурустии кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, агар дар тӯли соли гузашта аз ҷониби кормандони Вазорати тандурустӣ 38 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда буд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 41 расидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар тӯли 19 рӯзи баъди ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат боз 10 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ миёни кормандони ин ниҳод ошкор гардидааст. “Рӯзи 16 июл духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нормуҳамад Хошаев барои ғайриқонунӣ озод намудани айбдоршаванда Отабек Кенҷаев, аз маҳбасхонаи тафтишотии Хуҷанд аз падари 81-солаи ӯ Аҳмад Кенҷаев бо роҳи қаллобӣ 13 000 доллар талаб намуда, гирифтааст”,-менависад торнамои Оҷонсии зидди фасоди молӣ.
Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, дар Вазорати тандурустӣ кор ба ҷое расидааст, ки худи кормандони вазорат дар бораи ҳаракатҳои коррупсионии роҳбарони бевоситаашон ба онҳо муроҷиат мекунанд. Бар асоси иттилои манбаъ, рӯзи 4 июл Назаралӣ Зиёдалиев, мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи госпитали ноҳияи Қубодиён, нисбат ба сардухтури ҳамин беморхона Асадулло Худойбердиев оид ба роҳи таъмаҷӯӣ аз ӯ гирифтани 3000 сомонӣ ва боз талаб карда гирифтани 300 доллар бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, зимни санҷиш маълум намудаанд, ки Худойбердиев аз кормандони беморхонаи таҳти роҳбарияш тӯли 1,5 сол ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо тариқи таъмаҷӯи пора гирифтааст: “Аз мудири шуъбаи асаби беморхона Эркин Юсупов ҳар моҳ 500 сомонӣ, аз мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Умар Мусурмонов 1000 сомонӣ, аз мудири шуъбаи бемориҳои дил Ғанӣ Қурбонов ҳар моҳ 100 долларӣ, аз мудири маркази хунгузаронӣ Панҷидин Юсупов ҳар моҳ 200 сомонӣ, аз мудири шикастабанди беморхона Холмурод Ойматов ҳар моҳ 900 сомонӣ ва, дар маҷмуъ, 35 ҳазор сомонӣ маблағро ба сифати пора гирифтааст”. Манбаъ мегӯяд, нисбат ба Асадулло Худойбердиев бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.