Муносибати бози Раҳмону Путин ва эҳтимоли ҳалли мушкили муҳоҷирон
Интизор меравад, вуруди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки аз сӯи Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар ба далели нақзи қоидаҳои будубош мамнуъ шуда буд, дубора иҷоза дода шавад.
Ин масъала ҳангоми мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба миён гузошта шудааст.
Ромодановский дар дидораш бо сафири тоҷик гуфтааст, азбаски муносибати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш – Владимир Путин ба қадри кофӣ боз ва шаффоф аст, ҳангоми баррасии мушкилоти равобити Маскаву Душанбе ҳатман роҳҳал пайдо хоҳад шуд. Инчунин, ҷонибҳо дар ин мулоқот бархе масоили дигари марбут ба муҳоҷирати корӣ, аз ҷумла ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ин самтро баррасӣ кардаанд.