Рустам Латипов курсии раиси Восеъро холӣ кард, Мӯсо Ғафуров нишаст
Рустам Латифзода (Латипов), ки то ин дам ба ҳайси раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор мекард, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ҳоло ба курсии ӯ Мӯсо Ғафуров нишастааст.
Рустам Латифзода моҳи феврали соли 2013 ба мақоми раиси ноҳияи Восеъ таъин шуда буд. Ӯ то он вақт намояндаи Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон дар парлумон буд ва раёсати кумисюни экологии Маҷлиси Намояндагонро бар уҳда дошт.