Зоиров: Боздошти Қудратов давоми “эҷодкорӣ”-ҳои Оҷонсии зидди фасод аст...
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши як баёния боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони дифои Зайд Саидовро иғвоангезии Агентии зидди фасод ва иқдоми махсус ташкилшуда арзёбӣ кард.
Зоиров иттиҳом ва шеваи боздошти Қудратовро, ки дар фасодкорӣ муттаҳам мешавад, шубҳаангез хондааст: “Агар Агентии зидди фасод аз додгоҳ иттилое мегирифту Шуҳрат Қудратовро дар вақти додани ришва боздошт мекард, гапи дигар. Вале Шуҳрат Қудратовро гӯиё дар асоси иттилои додгоҳ, дар қисмати дигари шаҳр, дар бинои Соҳибкорон боздошт кардаанд, ки на танҳо иғвоангезӣ, балки беқонунӣ аст”.
Зоиров ин қазияро давоми “эҷодкорӣ”-ҳои Оҷонсии зидди фасод арзёбӣ намуда, даъвои Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и парвандаи таҷовузи Зайд Саидовро мисол овардааст, ки додгоҳ бе ҳузури Қудратов қарор кард, аз ӯ барои паст задани шаъну шараф 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ситонда шавад.”
Раиси ҲСДТ ҳамчунин аз фаъолияти додрас интиқод намудааст, ки аз дастандаркорони боздошти Қудратов арзёбӣ мешавад. Ӯ гуфтааст, агар додрас низ дар ин иқдоми ташкилшуда иштирок кардааст, ин доғ барои тамоми низоми додгоҳии кишвар мебошад.
Дар ниҳоят Зоиров хостори табдили номи Оҷонсии зидди фасод ба Оҷонсии иғвоангезӣ шуда, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчун кафили Сарқонун лағви ин ниҳоди зиддиконститутсиониро ба миён гузоштааст.
Ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов мебошад, ки аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ боздошт мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.
Шӯҳрат Қудратов замоне боздошт гардидааст, ки охири ҳафтаи гузашта як номаи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳои дохилу хориҷ дастрас шуда, дар бораи парвандаҳои Зайд Саидов баҳс мекунад. Оқои Қудратов дар номаи худ, ки 19 саҳифа замима низ дорад, тамоми парвандаҳои алайҳи нафари таҳти ҳимояташро беасос ва сиёсӣ хонда, аз созмонҳову сафоратҳо ва расонаҳо хоста буд, ба мушкили Саидов расидагӣ кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, нафари таҳти ҳимояташ маъюб буда, вазъаш дар боздоштгоҳ нигаронкунанда аст.