Пешниҳод: Дар ҳар ноҳияи пойтахт мағозаи маҳсулоти ҳалол фаъол шавад
Дар ҳар ноҳияи Остона, пойтахти Қазоқистон мағозаҳои маҳсулоти ҳалол фаъол шавад. Tengrinews.kz менависад, чунин пешниҳод зимни мизи гирде бо номи “Остона – қаламрави ҳалол” ироа шудааст. Иштирокдорони ин нишаст ба зарурати таъсиси мағозаҳои вижае, ки дар он маҳсулоти тамғаи ҳалол фурӯхта шавад, таъкид доштаанд. Гузашта аз ин, пешниҳод гардидааст, ки тарҳи қонун “Дар бораи барчасп задани маҳсулоти ҳалол” таҳия шуда, Оҷонсии рушди маҳсулоти ҳалол дар Қазоқистон таъсис гардад.
Дар ин мизи гирд намояндаҳои Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, Вазоратхонаҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, коршиносони Анҷумани маҳсулоти ҳалол, раҳбарони иттиҳодияҳои фарҳангӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва руҳониён иштирок доштаанд.