Ҳикматулло Расулов ва Наврӯз Рустамов ба “Хуҷанд” пайвастанд
Бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар остонаи даври дуюми чемпионати Тоҷикистон дар лигаи олӣ бо ду бозигар қарордод бастааст.
Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии “Хуҷанд” ба ҳайати даста нимҳимоятгар Ҳикматулло Расулов ва ҳамлагар Наврӯз Рустамовро даъват кардааст. Аввалӣ аз ин пеш дар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва дуюмӣ дар “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекарданд.
Аммо гуфта мешавад, дар баробари ин Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари “Хуҷанд” бо клуби “Волга”-и Русия қарордод баста, нимҳимоятгар Фирӯз Юсупов ба Лаҳистон даъват шудааст. Ҳамлагар Турсуналӣ Рустамов ба Қирғизистон баргаштааст.
Баъди даври аввали чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд” дар ҷадвали сабқат мақоми чорумро ишғол мекунад. Дар зинаи аввал “Истиқлол”, дар ҷои дуюм “Хайр” ва дар мақоми сеюм “Парвоз” нишастааст.