Тафтиши ҷои кори Шӯҳрат Қудратов дар “Соҳибкорон”-и пойтахт
Маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон баъд аз зуҳри 21 июл ба бозҷӯӣ ё кофтукоби маҳалли кори Шӯҳрат Қудратов дар бинои “Соҳибкорон”-и пойтахт шуруъ карданд. Онҳо ҳамроҳи худ Қудратовро низ овардаанд.
Баъд аз боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва раҳбари ҳизби Тоҷикистони нав, баъзан вакилони мудофеи ӯ дар ошёнаи дувуми ин бино кор карда, бо хабарнигорон низ суҳбат менамуданд. Маъмурони Оҷонсӣ то ҳол далели бозҷӯии маҳалли кори Шӯҳрат Қудратовро нагуфта, афроди наздик ба вакили мудофеъ низ аз баёни он худдорӣ мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи душанбеи 21 июл аз сӯи мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуд. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, Қудратов барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.
Тайи панҷ моҳи охир ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов аст, ки аз тарафи мақомоти Оҷонсии зидди фасод боздошт мегардад. Қаблан, моҳи марти соли ҷорӣ, Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд ба иттиҳоми қаллобӣ ва пардохт накардани қарзи бонк боздошт шуда буд.