Дастгир шудани мудири кафедраи Коллеҷи омӯзгорӣ барои 600 доллар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як устоди донишгоҳ ба иттиҳоми ришвахорӣ дар шимоли кишвар хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, Олимҷон Тӯйчиев, мудири кафедраи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои ворид кардани се довталаб - Саёҳат Имомназарова, Гулнора Собирова ва Шахлоҷон Ҳакимова ба ин муассисаи таълимӣ 600 доллар ҳамчун ришва талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, Тӯйчиев рӯзи 17 июли соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани маблағ дар назди ҳавлии истиқоматиаш аз сӯи кормандони пулис боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, алайҳи ин омӯзгори тоҷик бар асоси моддаи 319 (гирифтани пора)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди роҳандозии Маркази миллии тестии назди президент ахиран Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ҳодисаҳои гирифтани пора барои дохил кардани довталабон ба донишгоҳҳои кишвар низ хабар дода буд. Ин ниҳод гуфта буд, ассистенти кафедраи “Физиолигияи нормалӣ”, муаллимаи 56-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз сӯи кормандонаш боздошт шудааст, ки барои дохил намудани довталаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст ва гӯиё 2 ҳазор доллари он барои масъули Маркази миллии тестӣ пешбинӣ шудааст.