Файзиннисо Воҳидова: “Боздошти Шӯҳрат ҳушдор ба дигарон аст, ки...”
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, боздошти Шӯҳрат Қудратов аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молиро ҳушдор барои вакилони мудофеи “гапнодаро” хонд.
Ӯ гуфт, “дар шароити кунунӣ ба ҳайси вакили мудофеъ фаъолият кардан хеле мушкил аст. Бо вуҷуди он ки додгоҳ адолатро таъмин намекунад, бархе аз вакилони фаъол мубориза мебаранд.” Хонум Воҳидова дар идома афзуд, “вақте як адвокати фаъол боздошт мешавад, ин ҳушдор ба дигар вакилон аз ҷониби мақомот аст, ки набояд фаъол бошанду садди роҳи тақаллубкорӣ шаванд. Ин монеагузорӣ ба фаъолияти касбии адвокат мебошад ва бо ин мақомот огоҳ мекунанд, ки қудрат доранд, озодӣ ва ҳуқуқи онро пахш кардан мушкилие надорад”.
Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, чунин боздоштҳо таъсири манфӣ дошта, баъзеҳоро аз кори ҳимоятгарӣ дилмонда мекунад. “Дар як вақт мақомот мехоҳад пурра низоми диктотуриро ҷорӣ намояд. Дар чунин ҳолат вой бар ҳоли мардуми бечораи бе ҳуқуқ”,-таъкид дошт ӯ.
Дилрабо Самадова, ҳуқушиноси созмони собиқ "Ампаро", низ мегӯяд, "боздошти Шӯҳрат Қудратов воқеан ҷои нигаронист, зеро мақомоти интизомӣ вакилони мудофеъро танҳо ба хотири фаъолияташон дар робита ба масъалаҳои ба ҳукумат номақбул боздошт мекунанд".