Генерал Назаров: 24 зан ва 34 кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои террористиянд
Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, бисёре аз ҷангҷўёни кирояи тоҷик ба урдугоҳҳои терористии хориҷи кишвар бо зану фарзандонашон рафтаанд.
Назаров ин равандро мояи нигаронӣ хонда, афзуд, ки тибқи иттилои онҳо феълан 24 зани тоҷик бо ҳамроҳии шавҳар ва 34 кӯдаки хурдсолашон дар урдугоҳҳои махсуси террористии хориҷи кишвар қарор доранд: “Ҳоло бо ҷурми узвият дар гурўҳу созмонҳои мамнўъ, аз қабили иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Узбакистон», ҷамоатҳои «Ансоруллоҳ» ва «Ҷундуллоҳ», 87 нафар дар кофтукови расмӣ, 49 нафар ҳамчун узви ҳаракатҳои номбурда дар кофтукови фаврӣ қарор доранд.”
Ӯ дар идома қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти Раёсати корҳои дохилии Суғд 3 узви иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Узбакистон» ва 9 нафар узви ҷамоати «Ансоруллоҳ» муайян ва дастгир карда шудаанд.
Дар маҷмуъ сардори раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ҷинояткорӣ дар вилоят афзоиш ёфта, тайи нимсолаи аввали соли равон 2 ҳазору 485 ададро ташкил додаанд.