(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи боздоштшудаи тоҷик, баъд аз анҷоми тафтиши маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”-и пойтахт гуфт, аз касе пора нагирифтааст. “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтаам”,-афзуд ӯ.
Қудратов аз ин зиёд суҳбат карда натавонист, чун маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ӯро ба мошина шинонда бурданд. Вале манзури ин вакили мудофеъ аз он ки аз касе пора нагирифтааст, чӣ буд, то ҳол норӯшан аст. Яъне, ӯ барои гирифтани пора муттаҳам мешавад, ва ё пешниҳоди пора. Чаро ки қаблан масъулони Оҷонсӣ гуфта буданд, Шӯҳрат Қудратов барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе муттаҳам мешавад.
Боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили дувуми Зайд Саидов
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов - раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 21 июл аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар боздошт шудааст. Як манбаи наздик ба ӯ гуфт, мақомот Қудратовро ба иттиҳоми пешниҳоди “пора” ба яке додрасҳои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, маъмурон ин вакили мудофеъро дар маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, боздошт намуда бурдаанд. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар низ ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ӯ аз сӯи гуруҳи зудамал боздошт шудааст.
Ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов мебошад, ки аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ боздошт мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.
Шӯҳрат Қудратов замоне боздошт гардидааст, ки охири ҳафтаи гузашта як номаи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳои дохилу хориҷ дастрас шуда, дар бораи парвандаҳои Зайд Саидов баҳс мекунад. Оқои Қудратов дар номаи худ, ки 19 саҳифа замима низ дорад, тамоми парвандаҳои алайҳи нафари таҳти ҳимояташро беасос ва сиёсӣ хонда, аз созмонҳову сафоратҳо ва расонаҳо хоста буд, ба мушкили Саидов расидагӣ кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, нафари таҳти ҳимояташ маъюб буда, вазъаш дар боздоштгоҳ нигаронкунанда аст.
Гузашта аз ин, моҳи июни соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳал карда, вакили мудофеъро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф карда буд. Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.