Сафари Раҳмонов ба Олмон ва мушкили маошгирии омӯзгорон
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, иддаои як гуруҳ аз устодони ин муассисаи олии таълимиро дар бораи дарёфт накардани маоши якмоҳа ва пули рухсатии меҳнатияшон тасдиқ кард. Ҷаноби Раҳмонов дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори мо гуфт, ин мушкил дар пайи сафари хидматии ӯ ба Олмон иттифоқ уфтода, ҳоло ҳал шудааст.
“Дирӯз (20 июл) аз сафари хидматӣ баргаштам ва ба кор омада, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани маош имзо гузоштам. Рӯзи чоршанбеи 23 июл тамоми омӯзгорон маош ва, инчунин, пули рухсатии меҳнатияшонро мегиранд”,-шарҳ дод Раҳмонов. Ӯ афзуд, бар илова ин, ба омӯзгорон аз ҳисоби меваю сабзавоти боғи Донишгоҳ, ки дар Ромит воқеъ аст, кумак хоҳанд кард.
“Маҳсулот ба кормандони камбизоат, бешавҳар, фаррошон, ятимон ва барҷомондагон бепул дода мешавад. Аммо барои дигар омӯзгорон 50 дарсад тахфиф (сабук) мешавад. Ҳамаи ин маҳсулот аз қабили себ, олу, шафтолу ва картошка дар боғи Донишгоҳ парвариш мешавад”,-афзуд Абдуҷаббор Раҳмонов.
Ин дар ҳолест, ки субҳи 21 июли соли ҷорӣ гуруҳе аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба унвонии “Озодагон” нома фиристода, хостаанд, ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, маоши моҳи июни худ ва, инчунин, пули рухсатии меҳнатияшонро гирифта наметавонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин гуруҳи омӯзгорон, дар пеш Иди Фитр асту онҳо барои харид маблағи кофӣ надоранд.