Франс-пресс: Неруҳои Исроил дар як рӯз 97 фаластиниро куштаанд
Вазорати тандурустии Фаластин аз афзоиши шумораи қурбониёни навори Ғазза дар пайи ҳамлаҳои хунини Исроил ба ин минтақа хабар дода, мегӯяд, теъдоди кушташудагон ба беш аз 500 нафар расидааст.
Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” такя ба ин ниҳод хабар додааст, ки дар давоми 14 рӯзи ҳамлаҳои низомии Исроил ба Ғазза 506 нафар фаластинӣ кушта шуда, 3 ҳазору 150 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ, танҳо дар рӯзи 20 июл бар асари ҳамлаҳои неруҳои Исроил беш аз 70 сокини Ғазза кушта шудааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории фаронсавии Франс-пресс навиштааст, ки масъулини Вазорати тандурустии Фаластин шумораи қурбониёни худ дар рӯзи 20 июлро 97 нафар гуфтаанд.
Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки ба қавли манбаъ, бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.
Аз сӯи дигар, дар пайи ҳамлаҳои ҷавобии Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) рӯзи 20 июли соли ҷорӣ 13 сарбози Исроил кушта шуда, яке аз онҳоро асир гирифтаанд. Дар маҷмуъ 18 сарбози исроилӣ аз сӯи неруҳои ин ҳаракат кушта шудааст, ки гуфта мешавад, давоми 8 соли охир бузургтарин талафоти ҷонии неруҳои ҳарбии Исроил ба шумор меравад.
Ҳамлаҳои ҳавоии хунини Исроил ҳамагӣ 14 рӯзи қабл ба навори Ғазза дар ҳоле шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Дар ҳоле, ки рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.