Чаро Э.Раҳмон бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” сафар мекунад, на “Тоҷик Эйр”?
Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, рӯзи 21 июл дар ҳузури хабарнигорон омилҳои аз хизмати ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон-Эйр” истифода намудани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро шарҳ дод. Ҳамроев ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар ин маврид афзуд, "ба фикри ман, ба далоили амниятӣ раиси ҷумҳур хизматрасонии “Сомон Эйр”-ро авлотар донистаанд".
Ӯ илова кард, “мо чӣ ҳам накардем, ки аз хизматрасонии мо истифода баранд, ё не. Инро худашон мебинанду интихоб мекунанд. Ба фикрам, ба далели амниятӣ ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро интихоб намуданд, чун тайёраҳои ин ширкат воқеан ҳам навтаранд. Ҳарчанд ҳавопаймоҳои мо низ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд, аммо тайёраҳои онҳо навтаранд.”
Видеои суҳбати Ҳамроев дар бораи интихоби президент
Дар баробари ин Фирӯз Ҳамроев, эътироф намуд, ки Сомон Эйр на танҳо дар кашондани раисиҷумҳур балки дар интиқоли мусофирон дар дохилу хориҷи кишвар низ мавқеи онҳоро танг кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки Вазорати нақлиёти кишвар дар нимсолаи аввал бисёре аз парвозҳоеро, ки “Тоҷик Эйр” анҷом медод, ба “Сомон Эйр” додааст: “Мо ҳафтае аз Хуҷанд ба самти Маскав 7 парвоз доштем, ки 3 тояшро вазорат ба Сомон Эйр дод. Вазорати нақлиёт, ки дар ин соҳа иҷозатнома медиҳад, инчунин парвоз дар хатсайри Душанбе-Истанбулро низ ба “Сомон Эйр” дод.”
Ҳамроев инчунин эътироф намуд, ки Сомон Эйр мавқеи ин ширкатро дар бозори дохилӣ низ танг карда, ниҳоят ба он овард, ки “Тоҷик Эйр” аз парвоз дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд даст кашид: “Мо дар ин хатсайр парвоз мекардем ва баъдан “Сомон Эйр” низ парвозҳоро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа мусофирони мо кам шуданд ва умуман аз ин хатсайр даст кашидем.”
Видеои суҳбати раиси "Тоҷик Эйр" дар бораи додани парвозҳояшон ба "Сомон Эйр"
Раиси “Тоҷик Эйр” гуфт, бо тайёраи МА-60-и чинӣ натавонистанд дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд бо “Боинг”-ҳои “Сомон Эйр” рақобат кунанд. Ӯ инчунин илова намуд, ки аз кори МА-60-и чинӣ розӣ нестанд ва тайёраи дуюмеро, ки интизор мерафт аз Чин харанд, рад намудаанд.
Ин аст, ки ба иттилои раиси “Тоҷик Эйр” тайи нимсолаи аввали соли равон аз хизматрасонии ширкат 165 хазору 909 нафар мусофирон истифода бурданд ва ин нишондиханда нисбати нимсолаи аввали соли 2013 14 хазору 244 нафар камтар аст.
Видеои иқдом барои раҳоӣ аз буҳрон
Бо назардошти ин ва ҳаҷми қарздорӣ мудирияти “Тоҷик Эйр” мегӯяд, лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистонро таҳия кардаанд, ки дар он ихтисори то 30 дарсади кормандон, аз эътибор соқит донистани 22 ҳавопаймои замони шӯравии ин ширкат ва лағви қарздориро дар назди фурудгоҳи Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа дар бар мегирад.