Раиси Кумитаи андоз: Ширкатҳои мобилӣ қонуншиканӣ мекунанд
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, ҳангоми санҷиш қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд. Давлатзода, ки дар нишасти хабарии 21 июл суҳбат мекард, аз ҷумла ширкати мобилии Бабилон (Babilon)-ро мисол овард, ки, ба гуфтаи ӯ, нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро риоя накардааст.
Ӯ гуфт, талош доранд, аз ин ширкат 341 миллион сомонӣ қарз ситонанд ва дар ин замина бо Бабилон баҳси додгоҳӣ низ доранд. Раиси Кумитаи андоз илова намуд, дар ширкатҳои Тселл ва Мегафон (МЛТ) низ камбудҳоро ошкор кардаанд, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештари он худдорӣ намуд.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, феълан бо андозсупорандагон барои 800 миллион сомонӣ қарзи баҳснок вориди мурофиаи додгоҳӣ шудаанд, ки аз ин 519 миллион сомонияш ба шашмоҳаи аввали соли равон рост меояд.