Ду дӯкон ва талаби 20 000 сомонӣ ба ивази бинои вайроншудаи ҲНИТ
Масъулони ҳукумати ноҳияи Панҷакент бар ивази бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа, ки аз сӯи мақомот қисман тахриб шуда, баъдан пурра баста шуда буд, нуқтаи тиҷориро дар бозори “Деҳқон”-и ноҳия пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои торнамои расмии ҲНИТ, масъулони ҳукумати Панҷакент гуфтаанд, “азбаски бинои тахрибшуда дар гузашта дӯкони тиҷоратӣ буд ва ҳоло пардохти зарар ҳам дар ҳамин асос сурат мегирад.” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Панҷакент бо пешниҳоди ду нуқтаи тиҷорӣ дар бозори “Деҳқон”-и ин ноҳия бар ивази бинои дафтараш инчунин пардохти 20 ҳазор сомониро низ талаб кардааст.
“Барои ин ду дӯкон аз мо пардохти наздик ба 20 ҳазор сомонӣ тақозо мешавад. Агар маблағи дӯконҳои навро пардохт намоем, пас, ҷуброни зарар аз ҷониби ҳукумат аз миён меравад, чун дӯкони нав харидорӣ мешавад”,-гуфтаанд онҳо.
Бинои дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент ба далели наздик будан дар канори роҳ аз сӯи мақомоти интизомии ин минтақа қисман тахриб шуда буд. Масъулини бахши ҲНИТ дар ин ноҳия, он замон гуфта буданд, мақомот ваъда додаанд, ки бар ивази ин дафтари вайроншудаи ҳизб замин ҷудо хоҳанд кард.
Тахрибу баста шудани дарҳои бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд бори аввал нест, тайи чанд моҳи охир мешавад, Ин ҳизб шикоят дорад, ки мақомоти вилоят барои фаъолияти бахшҳояш дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод мекунад. Ахиран дафтари вилоятии ҲНИТ низ дар вилояти Суғд вайрон карда шуд. Мақомоти маҳаллии Суғд дар шарҳи ин иқдоми худ гуфтанд, қароргоҳи ҲНИТ бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд тахриб ва ҷояш кабудизор мешавад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.