Оторбоев: Барқро аз Тоҷикистон хеле арзон гирифтем...
Тоҷикистон барқро ба Қирғизистон бо нархи 2 сент сари ҳар киловат мефурӯшад, ки аз нархи фурӯш барои худи тоҷикистониён 0,5 сент арзонтар аст.
Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфтааст, онҳо тавонистаанд, аз Тоҷикистон ба ивази 2 сентӣ нерӯи барқ харанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барқро ба ивази 4-5 сентӣ мефурӯшанд. Оторбоев розигии ҳукуматашро аз нархи барқи Тоҷикистон баён карда, афзудааст, ки мақомоти тоҷик барои он ба ин нарх барқ мефурӯшанд, ки ҳамасола дар фасли тобистон обро бе истеҳсоли барқ аз обанборҳо холӣ мекунанд.
Оторбоев таъкид намудааст, ки барқи аз хориҷа харидаашонро ба мардуми кишвараш ба ивази 1,5 сентӣ мефурӯшанд ва фарқиятро аз ҳисоби буҷа ҷуброн мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик нархи барқро дар кишвар аз ҷумлаи арзонтаринҳо арёзбӣ карда, сар аз якуми июл онро 15 дарсад то ба 12,6 дирам боло бардоштанд. Баробари ин ҳамасола дар фасли тобистон ба далели набудани хатти интиқол об аз обанборҳои Тоҷикистон бе истеҳсоли барқ раҳо мешавад, ки дар натиҷа иқтисодиёти кишвар беш аз 200 миллион сомониро ҳар фасли гармо аз даст медиҳад.