Шаби 23 ба 24 июл – Лайлатулқадр дар Тоҷикистон
Мусулмонони Тоҷикистон шаби 23 (чоршанбе) ба 24 июли соли ҷорӣ аз Шаби қадр ё худ “Султони шабҳо” истиқбол мегиранд. Бар асоси эътиқоди пайравони дини мубини Ислом, дар Шаби қадр Қуръони карим – китоби осмонии мусалмонон ба паёмбар Муҳаммад (с) нозил шудааст.
Мардуми мусулмон ин шабро бештар бо тиловати китоби муқаддаси худ ва намозхонӣ рӯз мекунанду тибқи ояҳои Қуръон аҷру подоши ибодати ин шаб ба монанди савоби ибодати ҳазор моҳ аст. Саийдмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ мегӯяд, ҳар нафаре дар ин шаб зиндадорӣ намуда, онро бо тоату ибодат сипарӣ кунад, гӯиё 83 солу 4 моҳ ибодат кардааст.
“Албатта, Шаби қадр барои нафаре аст, ки онро қадр кунад. Қалбҳоро софу пок аз кинаву кудурат ва кибру ғурур намояд. Худованд гуфтааст, ки Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст”,-афзуд ӯ. Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, шаби қадр ба рӯзҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон рост меояд. Ӯ гуфт, ҳарчанд аксарияти донишмандон фарорасии Шаби қадрро шоми 27 моҳи Рамазон медонанд, вале бар асоси ривоятҳои бархе аз уламои исломӣ он ба шоми 21, 23, 25, 27, ва 29 ин моҳ рост меояд.