Нома ба Абдураҳим Холиқзода ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар масъалаи Исроилу Ғазза
Як гуруҳ аз корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри як номаи боз аз раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хостаанд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд.
Дар номаи ин корбарони тоҷик ба унвони Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин аз ҷумла омадааст, “тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир мардуми солҳо азияткашидаи Фаластин дар навори Ғазза аз тарафи режими ишғолгари Изроил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Даҳҳо тифлакони маъсум, занони бечора ва пирамардону мардуми осоишта дар натиҷаи ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи бераҳмона ҷони худро аз даст додаанд. Ғайр аз ин садҳо, бал ҳазорҳо нафар аз ин тӯпу туфанг захм бардошта, маҷрӯҳ гаштаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна мардуми озоду огоҳу бедори мардуми ҷаҳонро ба пой хезонд ва дар аксар кишварҳо барои пуштибонӣ аз ин мардуми азиятдида барои тазоҳурот ба хиёбон рехтаанд.”
Дар идома корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и Фейсбук таъкид кардаанд, сокинони Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, нисбат ба ин амалиёти ваҳшиёнаи Исроил алайҳи ҳамақидаҳои худ бетараф буда наметавонанду аз ин рӯ, аз раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамчун раҳбарони ниҳодҳои марбут ба умури динии кишвар, мехоҳанд, то иқдоми зеринро иҷро намоянд:
1. Ба тамоми хатибон дастури расмӣ дода шавад, то дар намозҳои ҷумъа аҳли масҷидро аз асли ин қазия огоҳ намуда, дар ҳаққи мазлумони фаластинӣ дуои дастаҷамъона намоянд.
2. Ҳарчи зудтар конфронс ё ҳар нишасти дигаре ба таври хеле васеъ оиди баррасии ин қазия, омилҳо ва паёмадҳои он дар ҷаҳони ислом доир карда шавад.
3. Бо судури баёнияи расмӣ аз ҷониби ин ду ниҳод-Кумитаи Дин ва Раёсати Шурои уламо-амалиёти ваҳшиёнаи режими ишғолгари саҳюнистон маҳкум карда шавад.
4. Бо дастури расмӣ аз рафтани зоирин ба зиёрати Масҷиди Ақсо то замони зери тасарруфи ин Режим қарор доштанаш, пешгирӣ карда шавад. Зеро бо фатвои уламои огоҳи динӣ ва ҳайати Идораи фатвои навори Ғазза зиёрати Масҷиди Ақсо дар вазъи феълӣ нораво буда, маънои дасти кӯмак дароз кардан ва ворид кардани маблағи ҳангуфт ба буҷаи режими ишғолгарро дорад.
Ин даъвати як гуруҳи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз масъулини ниҳодҳои динии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо бар асоси ояҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбар (с) муъминон бародари якдигар буда, болои ҳамдигар ҳуқуқ доранд: “Шарҳи ин нукта ба шумо, раиси Кумитаи дин ва раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз адаб дур аст.”