Тибқи қарори марбутаи президенти Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар барои баргардонидани донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ то имрӯз дар миқёси вилояти Суғд 574 нафар донишҷӯён ба ватан баргардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар хориҷи кишвар аз шаҳру навоҳии вилоят 610 нафар дар муассисаҳои гуногуни динӣ таҳсил мекарданд, ки аз онҳо то ба имзо расидани дастури Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла 299 нафар, баъди дастур 275 нафар ба ватан баргаштанд ва 36 нафар дар хориҷа боқӣ мондаанд. Аз ҳисоби нафароне, ки ба ватан бозпас омадаанд, 29 нафари донишҷӯён ба омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ, мадрасаҳо, 19 нафар ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, мактабҳои олии дунявӣ, 3 нафар ба хизмати ҳарбӣ, 71 нафар ба корҳои соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.