Солеҳ барои бозӣ бо тоҷикон 23 бозигарро аз Малайзия меорад
Долла Солеҳ, сармураббии нави мунтахаби Малайзия ҳайати дастаашро барои бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон эълон кард.
Ба рӯйхати пешниҳодкардаи ӯ, 23 нафар бо шумули 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Қарор аст, ҳайати футболбозони Малайзия 5 август вориди Душанбе шавад.
Нахустин бозии дӯстона миёни тимҳои Тоҷикистону Малайзия 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00.