Боздошти гуруҳи тазоҳуpгарон дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав
Пулиси Маскав як гуруҳи даҳнафарии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар назди консулгарии Сафорати кишвар дар Русия ҷамъ омада будаанд, боздошт кардааст. Ҳоло дар шабакаи Фейсбук навори садоие мечархад, ки яке аз боздоштшудаҳо дар он баромад карда, гуфтааст, онҳоро ба идораи пулис мебаранд.
Ин нафар, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар ин навор мегӯяд, онҳо дар назди консулгарӣ ҷамъ омада буданд, то аз мақомот бихоҳанд, кумакпулии ҷониби Русияро ба қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав бидиҳад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин гуруҳи даҳнафарӣ, гӯиё ин маблағ ҳафт миллион рубли русӣ буда, то ҳол дастраси хонаводаи қурбониён нагардидааст. Дар садамаи метрои Маскав, ки субҳи 15 июл иттифоқ уфтод, ду сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз як хонавода будаанд, ҷон бохтанд. Ҷасади онҳо рӯзи ҷумъа ба хок супорида шуд.
Талаби дувуми тазоҳугарон ин будааст, ки чаро то ин дам Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав арзи тасаллият нагуфтааст. Бо ин ҳол, дар бораи ин қазия сафорат ва консулгарии Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд ва маълум нест, далели боздошти гуруҳи даҳнафарии тоҷикон чӣ будааст. Дар сурати дарёфти посухи расмии сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар ин масъаларо нашр хоҳем кард.