Ҳоҷӣ Мирзо: "Агар осмону заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред"
Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов), яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ҳангоми мулоқот бо як гуруҳи муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз онҳо даъват кардааст, волидайн ва зану фарзандони худро қадр кунанду бо онҳо тамоси доимӣ дошта бошанд.
Ӯ дар суҳбат бо муҳоҷирони муқими шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, ки 6 июли соли ҷорӣ сурат гирифтааст, гуфта, ки “аз Ислом ба ҳадде дур рафтаед, ки муқаддасоти худро гум кардед. Дар ёд дошта бошед, ҳатто агар Осмону Заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред. Ҷаннату дӯзахи Шумо тавре паёмбар (С) мегӯяд, падару модаратон аст.”
Ба гуфтаи ин руҳонии тоҷик, ҳар боре ба хориҷа сафар мекунад, падару модарон аз ӯ хоҳиш мекардаанд, бо фарзандони онҳо мулоқот карда, ҷавонони тоҷикро насиҳат кунад, то бо хонаводаҳои худ тамоси домиӣ дошта бошанд: “Ҳар вақт ба хориҷа сафар кунам, аз сӯи волидайни Шумо бисёр муроҷиатҳо мешавад. Падару модароне ҳастанд, ки аз Шумо бисёр хафа ҳастанд. Шумо ба андозае бузург шудаед, ки падару модарро фаромӯш кардаед. Ҳар яке аз Шумо ҳадди ақал бояд дар ду рӯз як бор бо модару падар ва зану фарзанди худ тамос гиред. Ин афродро Шумо набояд фаромӯш кунед, чун ба ҷони худ ҷафо хоҳед кард.”
Инчунин, Ҳоҷӣ Мирзо дар идома ба масъалаи талоқ дахл карда, аз афзоиши теъдоди муроҷиаткунандагон дар робита ба масоили талоқ ба ӯ, хабар медиҳад. Ин руҳонии тоҷик аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими кишварҳои хориҷӣ даъват мекунад, даст аз талоқ кардани ҳамсарҳои худ тавассути телефону смс бардоранд.
“Бисёр гилаҳо аз Шумо дорем, чун бархе аз Шумо аз инҷо истода, занҳои худро талоқ медиҳед. Дар як рӯз беш аз 100 ё 150 бор ба ман тамос мегиранду 90 дарсади муроҷиатҳоро масоили марбут ба талоқ ташкил медиҳад. Бар асоси омори расмӣ дар як сол дар Тоҷикистон 5 ҳазору 500 ҳолати талоқ ба қайд гирифта мешавад. Аксари Шумо аз инҷо тариқи телефон дар хитоб ба занҳо мегӯед, ки ту модар ё бародари маро хафа кардию ту талоқ, дар ҳоле намедонед, гунаҳкор кӣ аст. Падар ё додару модарат. Ин роҳи дин ё роҳи эҳтиром нест”,-афзудааст ӯ.
Дар идома Ҳоҷӣ Мирзо аз қавли донишманди бузург – Имом Ғаззолӣ иқтибос оварда, мегӯяд, “мард вазифадор аст, дар чаҳор рӯз ҳадди ақал бо зани худ хонадорӣ кунад, чун ин ҳаққи зан аст, дар сурате ки Шумо як солу ду сол онҳоро суроғ намекунеду онҳо дағал ҳам шавад мисли “хар” дар хонаҳои Шумо хидмат доранд.”
Ҳоҷӣ Мирзо яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аст, ки ду соли пеш дар пайи як “маърака”-и ивазкунии имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар аз имом-хатибӣ ба истеъфо рафта буд. Ӯ баъд аз барканории аз симати имом-хатибӣ ба Душанбе омада, дар пойтахт ба сар мебарад.