Эрон нагузошт, имоми аҳли суннати Зоҳидон ба Туркия равад
Мавлоно Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи аҳли суннат дар Зоҳидон, аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон мамнуъулхуруҷ шудааст. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуда, ки Мавлоно Абдулаҳмид субҳи 18 июл барои иштирок дар конфронси байналмилалие таҳти унвони “Таваҷҷуҳи уламои ҷаҳони ислом барои ниҳодина кардани сулҳ, эътидол ва ақли солим” озими Туркия будааст.
Бар асоси гузоришҳо, ҳамзамон бо монеъ шудан ба сафари Мавлоно Абдулҳамид барои ширкат дар конфронси Истанбул, сайти расмии ӯ бо номи “Суннӣ онлайн” низ мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифта, ҳоло дастрас нест.
Пештар аз ин низ, Ҷумҳурии Исломӣ аз сафари Мавлоно Абдулҳамид барои ширкат дар “Анҷумани ҷаҳони ислом” дар Арабистони Саудӣ ва конфронси уламои исломӣ дар Африқои Ҷанубӣ мамониат пеш оварда буд. Ҳарчанд баъди рӯи кор омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ гузарномаи ӯро пас доданд, аммо ҳоло дигарбора мамнуъулхуруҷаш карданд.