Орумбеков дар бораи “Ҷаҳон...”-и Комил Бекзода: “Ӯ фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст”
Шамсиддин Орумбекзода (Орумбеков), вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 18 июл мавқеи ниҳодашро дар робита ба китоби баҳсбарангези “Ҷаҳонбинии оянда”-и файласуф Комил Бекзода ва ёрони ӯ баён кард. Оқои Орумбекзода, гуфт, “мавқеи вазорат ин аст, ки ӯ фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст. Касе, ки хоҳад, хонад ва агар нахоҳад, нахонад”.
Номбурда иброз дошт, вазорат ҳуқуқи маънавӣ надорад, китоби Бекзодаро танқид карда, хуб ё бад бигӯяд. “Ҳар кас барои изҳори назараш, агар барои ҷомеа мухолиф ҳам бошад, аммо зарар нарасонад, ҳақ дорад. Ин ҳуқуқи муаллифӣ ва мавқеи шаҳрвандии Комил Бекзода аст”,-афзуд ӯ.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, навиштани чунин китоб таҷрибаи ягона дар дунё набуда, дар бисёре аз кишварҳои дунё дар чунин самт китобҳо интишор мешаванд: “Як байти бисёр машҳур аст, ки мегӯяд, “Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки аст дар мусалмонии мост”. Устод Комил Бекзода самти худашро интихоб кардааст ва ин ҳуқуқи ӯст”,-илова кард вазири фарҳанг.
Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти "Кайҳон" ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзуъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.
Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад. Ӯ афзуд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шудааст.