“Паймон” (Contract)-и Қурбони Собир, Таҳмина ва Сироҷиддин
Як гуруҳ аз ҷавонони вилояти Суғд филми наверо бо номи “Паймон” (Контракт) наворбардорӣ кардаанд. Продюсери ин филм рӯзноманигори ҷавон -- Дилошӯб Орифзода ва коргардонаш Муҳиддини Музаффар мебошанд, ки қаблан филми ҳунарии “Ормонҳо”-ро сабт намудааст.
Дар филми “Паймон” мушкили мубрами рӯзи ҷомеаи тоҷик – азҳампошии хонаводаҳои ҷавон ба саҳна оварда шуда, сенарияи он ба қалами Бахтиёр Каримов тааллуқ дорад. Нақшҳои калидии филми “Паймон”-ро ҳунармандони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова, Сироҷиддин Ғафурӣ ва Хуршед Мустафоев иҷро кардаанд.
Ҳазинаи таҳияи ин филм 212 ҳазор сомониро ташкил дода, дар маконҳои зебои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла қаҳвахонаи “Хушбахтӣ”, ширкати ширии “Афзали Суғд”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонхонаи “Эҳсон” ба навор гирифта шудааст.
Осими Орифпур, директори филми “Паймон” дар шарҳи номи ин филм мегӯяд, “зери мафҳуми “Паймон” паймонҳои баставу дар ниҳоят шикаста ниҳон аст. Паймони дӯст, паймони азиз, паймони ёр. Ҳар ном бояд ақаллан 30 дарсади маънии матлабро фаро гирад. Вожаи “паймон” ба мазмуни филмнома мувофиқ аст. Аз ин рӯ филм “Паймон” ном гирифт”.
Ин гуруҳи ҷавонони вилояти Суғд мегӯянд, филми ба навор гирифтаи онҳо дар ҳоли коркард қарор дошта, интизор меравад, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шавад. Таҳиягарони филми “Паймон” мегӯянд, барои дастгирӣ аз Лутфулло Давлатов, раҳбари муассисаи давлатии Телевизиони Сафина сипосгузоранд.