Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ва муассису сардабири нашрияи “Чароӯғи рӯз”, ки беш аз бист сол боз дар ғурбат ба сар мебарад, баъд аз зуҳри 18 июл мактуберо ба номи модараш навишт. Ин нома, ки “Сарвода” унвон дорад, дар саҳифаи Фейсбуки ӯ бо чаҳор акси модар ва зодгоҳаш чоп гардидааст.
“...Таҳи айвони хонаи лаби дарё шояд модари ман нишаста бошад. Ва чашм ба селаи паррандаҳои муҳоҷир медӯзад, ки дар баландиҳои осмон парвоз доранд.
"Кадоме аз онҳо бачаи ман бошад?" Шояд ӯ маро меҷӯяд дар он радда, дар он села...
Модари ҷон!
Ҳамон паррандае, ки пойҳояш обила бастаанд ва аз дилаш хун мечакад, манам. Шинохтӣ?
Ҳамон паррандае, ки хаста асту базӯр бол меафшонад, манам. Дидӣ?
Ҳамон паррандае, ки сурудаш ҳазинтарин, ҷонсӯзтарин ва пурдардтарин аст, манам. Мешунавӣ?
Ман туро мебинам.
Ман туро мешунавам.
Ман медонам, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон ту бо лабони парсингбаста шабу рӯз дар дуо ҳасти.
Ман медонам, ки дар он боғ, боғе, ки боғи кӯчаке аз биҳишт аст, ту барои ман шафтолу мечинӣ.
Медонам, ки набераҳоятро аз сари тути пеши хона меронӣ, ки як табақ то омадани ман барои ман бимонад.
Ман медонам, ки ту дар лаби дарё зери лаб тарона мехонӣ ва танҳо он дарё аз ҳама беш ғуссаву қиссахои туро медонад. Дарёе, ки як бахшаш танхо дарёи хонаводагии мост. Ва танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист, ташнагӣ чист, аз ташнагӣ сӯхтан чӣ сон аст...
Боз хам фаслҳои сол иваз мешаванд. Турнаҳо меоянду мераванд. Аммо ману ту бо умед зиндаем ва, иншоаллоҳ, дида ба дидор мерасад...
...Ва ман барои ту шафтолу мечинам...”