Ҳалокати 287 нафар аз СПИД ва сабти 132 бемори нав
Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли равон 132 нафар бемори нави СПИД ё худ вируси норасоии масунияти одамро ошкор кардаанд, ки аз ин 15 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Собир Собиров, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ дар ҷамъи рўзноманигорон гуфт, миёни мубталошудагони нав 73 нафар мард, 59 нафар зан ва 15 тани дигар ноболиғон мебошанд: “Аз шумори умумии беморони тозасабтшуда 57 нафарро афроди синни 30-39-сола дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 17 нафар тариқи сўзандору, 99 кас ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 12 нафар аз модар ба кўдак ва боз 4 тани дигар бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд”.
Манбаъ афзуд, ки дар қаламрави вилояти Суғд аз замони ошкор гаштани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001 то аввали моҳи июли соли равон 1 ҳазору 194 нафар ашхоси мубтало ба ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд ва тўли ин солҳо 287 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд.