Медали тилои муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Шветсия
Гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров ба дарёфти нишони тило аз даври навбатии мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” муваффақ шуд. Ин сабқати байналмилалӣ дар шаҳри Карлстади Шветсия баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро ишғол намуд.
Гурзандози тоҷик бо 240,48 имтиёз дар ҳисоби умумӣ зинаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge”-ро соҳиб аст. Дар мақоми аввал Кристиан Парс аз Маҷористон нишастааст, ки 243,89 хол дорад.
Дилшод Назаров 32 сол дошта, иштирокчии се Олимпиадаи тобистона (2004 дар Афина, 2008 дар Пекин ва 2012 дар Лондон) мебошад. Ӯ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буда, ҳамчунин раҳбарии Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро бар уҳда дорад.