Андӯҳи Раҳмон аз суқути "Боинг" ва ҳамдардӣ ба Абдурраззоқ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як нома ба унвони Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдурраззоқ -- сарвазири Малайзия дар робита ба садамаи ҳавопаймои “Боинг-777”-и ин кишвар, ки наздик ба 300 қурбонӣ дорад, ҳамдардӣ баён намудааст.
Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Малайзия ва шоҳи Нидеоланд омадааст, “мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз оқои Абдурразоқ хостааст, тасаллият ва ҳамдардияшро ба мардуми кишвараш, аз ҷумла наздикони қурбониён расонад: “Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам, эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд.”
Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия шоми 17 ба 18 июли соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Амстердам ба Куала-Лумпур дар қаламрави Украина ба замин сарозер шуд. Дар пайи ин садама, 280 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расидаанд. Бино ба навиштаи расонаҳои украинӣ, тахминан соатҳои 16.30 ба вақти маҳаллӣ тамос бо Боинг-777, ки дар баландии 10 ҳазор метр қарор доштааст, қатъ гардид.