Духтарони футболбози Тоҷикистон ба Фаластин мераванд
Даври интихобии чемпионати Осиё-2015 миёни тимҳои миллии духтаронаи то 16-сола (U-16) дар Фаластин баргузор мешавад. Қаблан, эълон шуда буд, ки онро Шри-Ланка мизбонӣ мекунад.
Конфедератсияи футболи Осиё бо ирсоли номае унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, даври интихобӣ аз 4 то 13 октябр дар варзишгоҳҳои “Фейсал Ал-Ҳусейнӣ” ва “Маҷид Ассад”-и шаҳри Рами Фаластин доир мешавад. Рақиби мунтахаби духтарони футболбози Тоҷикистон дар гуруҳи “А” Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон мебошад.
Натиҷаи қуръапартоии даври интихобии чемпионати Осиё-2015 миёни духтарон (U-16):
Минтақаи Ғарб
Гуруҳи “А”: Шри-Ланка, Узбакистон, Баҳрейн, Фаластин, Қирғизистон, ТОҶИКИСТОН.
Гуруҳи “В”: Бангладеш, Эрон, Урдун, Ҳиндустон, Имороти муттаҳидаи Араб, Қатар.
Минтақаи Шарқ
Гуруҳи “С”: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг, Ҷазираҳои Марианси Шимолӣ, Ветнам.
Гуруҳи “D”: Тайбэйи Чин, Мянма, Филиппин, Камбоҷа.
Ҷадвали бозиҳои гуруҳи “А”:
Даври 1
4 октябр (шанбе)
Баҳрейн – Шри-Ланка
Фаластин – ТОҶИКИСТОН
Узбакистон – Қирғизистон
Даври 2
6 октябр (душанбе)
Шри-Ланка – Қирғизистон
Узбакистон – Фаластин
Баҳрейн – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
8 октябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Баҳрейн
ТОҶИКИСТОН – Узбакистон
Шри-Ланка – Фаластин
Даври 4
11 октябр (шанбе)
Фаластин – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка
Узбакистон – Баҳрейн
Даври 5
13 октябр (душанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Баҳрейн – Фаластин
Шри-Ланка – Узбакистон