Оғози ҳамлаҳои заминии неруҳои Исроил ба навори Ғазза
Неруҳои низомии Исроил ҳамлаи заминии худ ба навори Ғаззаи Фаластинро оғоз кардаанд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ва Моше Яалон, вазири дифои ин кишвар барои ворид намудани артиш ба хоки навори Ғазза дастур додаанд.
Ҳамлаи низомии заминии Исроил ба навори Ғазза баъд аз даҳ рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар сурат мегирад ва мақомоти исроилӣ ҳадаф аз ҳамлаи заминии худро аз байн бурдани роҳҳои зеризаминии марзӣ унвон кардаанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии хунини Исроил даҳ рӯзи қабл ба навори Ғазза дар ҳоле шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Дар ҳоле, ки рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.
Дар пайи ин ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 260 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазору 800 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли манобеи хабарӣ, шумораи зиёди қурбониёнро кудакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.