Алмосбек Отамбоев меояд... баъд аз баҳсҳо ва тирпарониҳо
Қарор аст, ба зудӣ Алмосбек Отамбоев -- раиси ҷумҳури Қирғизистон бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ин бора Хайрулло Асозода -- вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии 18 июл иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, Отамбоев дар ҷараёни сафараш бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаи роҳҳои наздимарзӣ ва қитъаҳои баҳснок миёни Исфараю Бодкандро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Вале вазири нақлиёт аз баёни санаи дақиқи сафари Отамбоев худдорӣ кард ва танҳо гуфт, чизи наве, ки дар заминаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон медонад, ҳамин аст.
Ин сафари Отамбоев дар пайи тирпаронии 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, ки бар асари он як сокини Ворухи Исфара ҳалок ва нуҳ тани дигар аз ҳамин ҷамоат маҷруҳ шуданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота норозигияшро аз амалкарди ҳарбиёни қирғиз бо сокинони осоишта, ки ба гуфтаи онҳо, машғули таъмири қубурҳои обгузар будаанд, изҳор дошта ва таҳқиқи онро талаб намуд. Ҷониби Бишкек дар ҳол бо пахши изҳороте ин ёддошти Душанбе шитобкорӣ хонда, иддао кард, ки баръакс, сарбозони Тоҷикистон ба ҳарбиёни онҳо ҳамла кардаанд.
Аз ин пештар, дар моҳи январи соли ҷорӣ тирпаронӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирфита буд, ки бо бастани гузаргоҳҳову фаро хондани сафари Қирғизистон ба Бишкек анҷом ёфт. Танҳо баъд аз чанд даври музокирот дар Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек гузаргоҳҳоро боз намуда, сафири навашро дар Душанбе таъин кард.
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар идомаи суҳбаташ гуфт, дар масъалаи сохтмони роҳҳои баҳсноки марзӣ бо Қирғизистон 51 дарсад ба мувофиқа расидаанд. “Баъзе масъалаҳо дар сатҳи сиёсӣ бояд ҳал шаванд. Дар он сурат, мо паҳлуҳои техникияшро хоҳем дид”,-гуфт Асозода. Вазири нақлиёт афзуд, ҷониби Тоҷикистон ҳам акнун ба сохтмони роҳҳои наздик ба сарҳади Қирғизистон таваҷҷуҳ мекунад. Ин ҳарфҳои вазир дар ҳолест, ки феълан ҷамоати Ворух дар шакли ҷазирақаламрав буда, ҳангоми баҳсҳои Тоҷикистону Қирғизистон роҳи он ба сӯи маркази Исфара баста мешавад.
Дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, оқои Асозода гуфт, бо Кобул ба иттифоқи назар омада, бо Ашқобод баъзе масъалаҳои ҳалношуда доранд. “Дар сатҳи президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ин масъала гуфта шудааст, аммо масъалаҳое миёни Вазорати нақлиёти мо ва корхонаи Роҳи оҳани онҳо мондааст”,-гуфт ӯ.