Дидори навбатии доктор Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзадони даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон имрӯз 18 июл бо ҳам дубора вомехуранд.
Ба иттилои расонаҳои хабарии афғон, Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ гуфтааст, ба хотири оғози раванди тафтиши овозҳо ва банд будани номзадҳо, доктор Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай натавонистаанд, рӯзи 17 июл мулоқот кунанд.
Дидори номзадони даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон тайи як ҳафтаи охир бори дуюм сурат мегирад. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай баъд аз мулоқоти аввали худ зимни нишасте онро барои расидан ба тавофуқ, муҳим ва мусбат хонда буданд.