"Air Astana" хатсайраш ба Амстердамро тағйир дод, то дар фазои Украина парвоз накунад
Ширкати ҳавонавардии "Air Astana"-и Қазоқистон хатсайри Атирау-Амстердам-Атирауро тағйир додааст, то дар фазои Украина парвоз накунад.
Ин ширкат гуфтааст, онҳо баъди суқути ҳавопаймои Boeing 777-и Малайзия дар шарқи Украина як шабонарӯз парвозҳо ба Киевро манъ кардаанд. Ба иттилои "Интерфакс-Қазоқистон" ширкати ҳавонавардии “Air Astana”-и Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, самти парвози хатсайрҳо ба Лондон, Франкфурт ва Анталия ҳам дигар шуда, аз қаламрави Украина намегузаранд. Ширкатҳои ҳавонавардии “Аэрофлот”, “Трансаэро”, Lufthansa, Turkish Airlines, Air France низ изҳор доштаанд, ки аз фазои Украина парвоз нахоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ҳавопаймои Boeing-777-и ширкати “Malaysia Airlines”, ки дар дохили он 283 мусофир ва 15 халабон қарор дошт, шоми 17-уми июл суқукт кард. Фарзияи аслӣ ин аст, ки ҳавопаймо зада шудааст.