Суқути “Боинг”-и Малайзия дар Донетск; Баҳси нави Русия & Украина
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар суқути ҳавопаймои “Боинг 777”-и Малайзия, ки наздик ба 300 нафар қурбонӣ дорад, ҳукумати Украинаро айбдор кардааст.
Раиси ҷумҳури Русия бо баргузории як ҷаласаи фаврӣ барои таҳқиқи ин садама дастур дода, гуфтааст, дар ин қазия давлате гунаҳкор аст, ки дар қаламрави кишвараш ҳавопаймо суқут намудааст. “Албатта, агар ин нооромиҳо намешуд, дар замин оромӣ ҳукумфармо мебуд, ин қазия рух намедод”,-афзудааст ӯ.
Ин изҳороти Путин дар ҳолест, ки ҳавопаймои Малайзия дар канори шаҳри Донетск, минтақае, ки миёни нерӯҳои ҳукумати Украинаву ҷудоиталабон задухӯрдҳо идома дорад, ба замин сарозер шуд. Ба қавли Антон Херашенко, корманди Вазорати умури дохилии Украина, ҳавопаймо аз зарбаи мушаки “замин-осмон” ба замин афтодааст. Вале мақомоти Украина таъкид кардаанд, ки дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон аз силоҳе истифода намекунанд, ки боиси ба замин сарорез шудани ҳавопаймо шавад.
Дар ҳамин ҳол, назораткунандаи бритониёӣ, ки парвози ҳавопаймои мазкурро назорат мекард, гуфтааст, қабл аз суқути Боинг-777 дар наздикии он ҳавопаймоҳои низомӣ қарор доштанд. Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия шоми 17 ба 18 июли соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Амстердам ба Куала-Лумпур дар қаламрави Украина ба замин сарозер шуд. Дар пайи ин садама, 280 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расидаанд. Бино ба навиштаи расонаҳои украинӣ, тахминан соатҳои 16.30 ба вақти маҳаллӣ тамос бо Боинг-777, ки дар баландии 10 ҳазор метр қарор доштааст, қатъ гардид.