Имсол 160 ҳазор нафар дар макотиби Тоҷикистон ба синфи якум қабул шуданд
Беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакони ҳафтсола барои нахустин бор ба синфи якуми мактабҳои кишвар қадам гузоштанд.
Таври маълум, имрӯз, яъне 1-уми сентябр соли нави таҳсили 2011-2012 бо Рӯзи дониш ва дарси сулҳ оғоз ёфта, занги аввал дар кулли дабтистонҳои Тоҷикистон садо дод Ноилшо Нуралиев, сарвари дафтари матбуотии вазорати маориф зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар соли таҳсили 2011-2012 дар саросари ҷумҳурӣ зиёда аз 140 мактаби наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Манбаъ ҳамчунин афзуд, айни замон дар кишвар 3 ҳазору 700 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолиятдошта, дар онҳо зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.