Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 593 ҷинояти вобаста ба танфурӯшӣ, даллагӣ ва истисмори шаҳвониро ошкор кардаанд. Бар асоси иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, дар ин муддат 1 ҳазору 777 фоҳиша дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 30 нафари онҳо ноболиғ будаанд. Манбаъ афзуд, теъдоди даллолону “соҳибон”-и фоҳишахона аз ин ҳам зиёдтар буда, 2 ҳазору 502 нафарро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазир бархе аз фоҳишаҳо дар ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пуштибонҳо доштаанд. Ба иттилои ӯ, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 4 корманди пулис барои ҳимоят аз фоҳишаҳо аз кор озод ва 3 нафари дигар огоҳӣ гирифтаанд.
Вазир бо зикри пешбинӣ шудани ҷарима барои фоҳишагӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки ният доранд, барои фоҳишаҳо аз 15 то 30 рӯзи ҳабсро таъин намоянд. Ин меъёр, ба гуфтаи ӯ, дар бисёре аз давлатҳои дунё роиҷ аст.
Вазири умури дохилӣ, инчунин, аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ миёни занон дар кишвар хабар дод. Ӯ гуфт, “аз 259 ҳамҷинсгарое, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон сабт шуданд, 49 нафарашон занон мебошанд.” Масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳамчунин 157 нафарро ба қайд гирифтаанд, ки ба интиқоли духтарон ба хориҷи кишвар бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд. Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи фоҳиша ва ҳамҷинсгароён