Талаби Аврупо аз Сисӣ барои раҳоии ҷонибдорони Мурсӣ
Парлумони Иттиҳоди Аврупо талаб кардааст, шиканҷа ва куштори тазоҳургарони мусоламатомез дар Миср дар сатҳи байналмилалӣ таҳқиқ шавад.
Ин даъвати парлумони Иттиҳоди Аврупо дар пайи қарори ахири ин ниҳод аст, ки бо судури он содироти бархе таҷҳизоти низомӣ ба Миср манъ гардид. Бар асоси ин қарор, аз ин ба баъд содироти таҷҳизоти низомии истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ ба Миср, ки дар умури ҷосусӣ ва таъқибу саркӯби сокинон истифода мешаванд, мамнуъ эълон шудааст.
Инчунин ниҳоди қонунгузори аврупоӣ хостааст, тақдими ҳар гуна кумакҳои низомӣ ба мақомоти Миср аз сӯи кишварҳои узви ин иттиҳод манъ карда шавад. Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Миср низ талаб кардааст, фавран бидуни шарт тамоми сокинони ин кишварро, ки дар пайи нооромиҳои охири он боздошт шудаанд, аз зиндонҳо раҳо кунад: “Новобаста аз он ки парвандаи бархе аз онҳоро додгоҳ баррасӣ дорад ё не, бояд ба куллӣ озод карда шаванд, бахусус он сокиноне, ки барои талаби ҳуқуқҳои худ ба кучаҳо баромада буданд.”
Вакилони парлумони кишварҳои Аврупо аз баъзе қарорҳои ахири мақомоти судии Миср, ки ба эъдоми омавӣ равона шуда, алайҳи рӯзноманигорони Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” хонда шудаанд, шадидан ибрози нигаронӣ намудаанд.
Дар пайи роҳандозии кудетои низомӣ ва барканорию боздошти Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи Миср тобистони соли гузашта дубора ин кишварро нооромӣ фаро гирифту садҳо нафар аз ҷонибдорони Мурсӣ ба хотири тазоҳурот ва тарк накардани майдон боздошт шуда буданд.